Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми "ҷодугар" дар Арабистони Саудӣ


Дар Арабистони Саудӣ як барандаи телевизион барои “ҷодугарӣ” маҳкум ба эъдом шуд. Шаҳрванди Лубнон Алӣ Сабот соли гузашта ҳангоми адои маросими ҳаҷ дар Макка боздошт шуда буд ва ҳукми додгоҳ дар баробари ӯ ахиран содир гардид. Ба иттилоъи Sky News, Алӣ Сабот барои он маҳкум ба қатл шудааст, ки дар як шабакаи телевизионии Лубнон ҳаводиси ояндаро пешгӯӣ мекард ва ба тамошобинон дар марвиди чӣ гуна рафтор кардан дастур медод. Маҳкумшуда изҳор намуд, ки ҳангоми бозрасӣ аз хизмати вакили мудофеъ бархурдор набуд ва аз роҳи фиреб ӯро водор сохтанд, ки ҷодугару фолбин будани худро иқрор кунад.
Ба иттилоъи дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, фақат моҳи гузашта дар Арабистони саудӣ ду нафар бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ боздошт шуданд. Дар шаҳри Ҷидда мурофиаи додгоҳии як сокини шаҳр идома дорад, ки гӯё ба қаламрави кишвар китоберо дар бораи илми ҷоду ворид кардааст. Як марди дигар барои он ба додгоҳ кашида шудааст, ки ҷодуро барои ҳалли низоъҳои хонаводагӣ истифода менамуд ва зану мардҳоро бо ҳам “гарм” мекард.
Соли 2006 додгоҳи Ҷидда сокини Эритрея Муҳаммад Бурҳонро барои “ҷодугарӣ” ба 20 моҳи маҳбас ва 300 зарбаи тозиёна маҳкум карда буд. Ҳангоми кофтуков аз ӯ китоберо бо қайдҳо бо забони тигринӣ пайдо карданд – ин забон то ҳол аз сӯи баъзе қавмҳои муқими Эритрея истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG