Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Протон” “Eutelsat W7”-ро ба мадор баровард


Мақомоти Маркази кайҳоншиносии Хруничеви Русия мегӯянд, мушаки русии “Протон” моҳвораи фаронсавии “Eutelsat W7”-ро ба мадори Замин баровардааст. “Протон” баъд аз як рӯз таъхир, ки гуфта мешавад, ба иллати таҳияи нодурусти аснод ба амал омад, шоми сешанбе аз пойгоҳи кайҳонии Байконури Қазоқистон ба мадор парвоз кард. ”Eutelsat W7” акнун ба ироаи хадамоти мухобиротӣ барои Аврупову Африқо ва Ховари Миёнаву Осиёи Марказӣ хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG