Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои маносики Ҳаҷ дар Маккаву Мадина оғоз меёбад


Имрӯз дар шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ маросими иҷрои маносики Ҳаҷ оғоз меёбад. Иҷрои ин маросим 3 рӯз идома карда, рӯзи ҷумъа, бо таҷлил аз Иди Азҳо, ё худ Иди Қурбон, ба поён хоҳад расид.
Тақрибан дувуним миллион зоир имсол ба хотири иҷрои фароизи Ҳаҷ ба Макка омадаанд. Теъдоди зоирон аз Тоҷикистон 5 300 нафар аст, ки гуфта мешавад, ҳамагӣ ба Макка расидаанд.
Шумори зоирин имсол ба далели афзоиши нигарониҳо дар бораи эҳтимоли бурузи маризии зукоми хук коҳиш ёфтааст.
Дар поёни ҳафтаи гузашта аз Саудия дар бораи ҳалокати дастикам 4 зоири хориҷӣ бар асари ин беморӣ хабар расид.
Мақомоти Саудӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши зукоми хук тадобири шадиди тандурустӣ рӯи даст гирифта, ва ба хотири таъмини амнияти зоирин беш аз 100 000 маъмури пулис ва амният дар Маккаву Мадина басиҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG