Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама стротежии Афғонистонро ба зудӣ эълон мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, стротежии нави кишвараш дар қиболи Афғонистонро ба зудӣ эълон хоҳад кард. Обама гуфт, баъди 8 соли ҷанг мехоҳад кори оғозкарда дар Афғонистонро ба анҷом бирасонад. Ин изҳороти Обама дар пайи мулоқоти ӯ бо сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ садо дод.
Амрико феълан дар Афғонистон ҳудуди 68 000 сарбоз дорад. Вале фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО дар он кишвар генерал Стенлӣ МакКристалл ахиран хостори эъзоми нирӯҳои бештар ба хотири фурӯ нишондани оташи хушунатҳои афзоянда дар Афғонистон шуд.
XS
SM
MD
LG