Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Тоҷикистон


Дирӯз дар Тоҷикистон барои нахустин бор Рӯзи Парчами миллӣ ҳамчун ид таҷлил шуд. Ба ин муносибат ҳудуди 300 донишҷӯ як парчами 90-метрии Тоҷикистон дар даст дар кӯчаи марказии пойтахт, шаҳри Душанбе, роҳпаймоӣ карданд.
22 варзишгар ба шарафи Рӯзи Парчами миллӣ дави марафоние ҳам барпо карданд, ки нуқтаи ниҳоияш маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун буд. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби ҳимоят аз барномаи бунёди ин нирӯгоҳи муҳим гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG