Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Руминия даври дуввуми интихобот доир хоҳад шуд


Натоиҷи шумориши тақрибан такмилшудаи оро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Руминия ҳокист, ки раисиҷумҳури феълӣ Траян Басеску рӯзи 6 декабр, дар даври дуввуми раъйгирӣ бо вазири пешини умури хориҷӣ, номзади чапгаро Мирчеа Ҷеоана вориди рақобат хоҳад шуд. Тибқи шумориши тақрибан ҳамаи оро, номзади ҳизби либерал-демократ Траян Басеску наздики 33 дарсад ва Мирчеа Ҷеоана ҳудуди 31 дарсади ороро соҳиб шудаанд. Срин Антонеску, номзади ҳизби миллии либерал, бо наздики 20 фоизи оро ҷойи севвумро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG