Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши квотаҳои муҳоҷирон дар соли оянда дар Русия


Нашрияи руси “Коммерсант” аз қавли хадамоти федеролии муҳоҷират навишт, ки соли оянда квотаҳои ҷалби муҳоҷирон ба кори расмӣ дар хоки Русия ду баробар коҳиш хоҳад ёфт. Соли оянда ин кишвар омодаи қабули 1,94 миллион коргари кироя аз давлатҳои беруна будааст. Ин хадамот ҳамчунин гуфтааст, ки ният дорад тавассути патент мақоми муҳоҷирони кориеро, ки барои ашхоси ҷудогона кор мекунанд, расмӣ гардонанд. Алексей Ломкин, раиси идораи муҳоҷирати берунаи ин хадамот гуфт, ки соли 2009 квотаи қабули муҳоҷирон дар Русия барои 3,8 миллион нафар дар назар гирифта шуда буд ва аз ин миқдор танҳо 65 дар садаш истифода шудааст. Коҳиши квотаҳои корӣ барои муҳоҷиронро дар соли оянда оқои Ломкин бо поинравии баъзе риштаҳои иқтисоди Русия вобаста кардааст. Дар айни замон, ин хадамот гуфтааст, ки азбаски шумори зиёди муҳоҷирон ҳамоно дар бахши хусусӣ кор мекунанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии онҳо берун аз квота барояшон тавассути гирифтани патент имкони кор дар чаҳорчӯби қонун фароҳам оварда мешавад. Танҳо дар Маскав як миллион чунин муҳоҷири ғайрқонунӣ ба сар мебарад, ки сеяки онҳо дар бахши хусусӣ машғули коранд, гуфтааст ин хадамот.
XS
SM
MD
LG