Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев "Русияи воҳид"-ро танқид кард


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев рӯзи шанбе мақомоти минтақаии ҳизби ҳокимро барои нотавонӣ дар таъмини меъёрҳои демократӣ ҳангоми баргузории интихоботи моҳи гузашта танқид кард. Вай зимни суханрониаш дар анҷумани ҳизби “Русияи воҳид” дар Санкт-Петербург гуфт, ки интихобот мебоист “баёнгари хостҳои мардум бошад, вале дар баъзе мавридҳо ин ҷараёни демократӣ бо чораҳои маъмурӣ олуда шудааст”. Ҳизби ба раҳбарии нахуствазир Владимир Путин дар интихоботи маҳаллие, ки моҳи октябр дар қаламрави Русия доир шуд, кулли ҳизбҳои мухолифинро саркӯб кард. Мухолифин гуфтанд, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ тақаллуби фаровон ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG