Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Саймуддинов раиси кумитаи забон шуд


Забоншинос Додихудо Саймуддинов раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд. Додихудо Саймуддинов то кунун раиси кумитаи фарҳанг ва равобити берунаи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Кумитаи забон ва истилоҳот дар заминаи куммиссиюни қаблии татбиқи қонуни забон дар пайи тасвиби тарҳи нави Қонуни забон дар ибтидои моҳи октябр таъсис ёфт.
Забони тоҷикӣ бори аввал соли 1989, ҳанӯз замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, мақоми забони давлатӣ гирифт.
Бо қарорҳои ахири ҳукумат, ҳамчунин Абдуманнон Холиқов ва Шаҳноза Нодирова – муовинони вазири адлия ва Гулчеҳра Бозорова ва Саидраҳмон Назриев – муовинони вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудаанд.
XS
SM
MD
LG