Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори фаъоли ҷунбиши зиддифашистӣ дар Маскав


Дар Маскав Иван Хуторский, яке аз фаъолони ҷунбиши зиддифашистӣ, кушта шуд. Ба иттилоъи раиси Кумитаи тафтишоти Маскав Анатолий Багмет, ҷасади Хуторский бегаҳи рӯзи душанбе дар даромадгоҳи манзили зисташ ошкор гардид. Афроди ношинос ба паси сари ӯ ду тир задаанд.
Айни ҳол чанд фарзияи ҳодиса, аз ҷумла, дар куштор даст доштани сартарошидаҳо ваё скинҳедҳо тафтиш мешавад. Иван Хусторский, ки бо лақаби “Иван Костолом” маъруф буд ва душмани сарсахти миллатгароҳо маҳсуб мешуд, соли 2005 ду бор мавриди ҳамла қарор гирифта буд ва ба ӯ аз тарики сомонаҳои фашистӣ ва миллатгарои Русия чанд бор таҳдиди куштан карда буданд.
XS
SM
MD
LG