Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ҷаҳонии зидди гуруснагӣ дар Рим


Ҳамоиши сарони даҳҳо кишвари ҷаҳон барои кӯмак ба миллионҳо нафар мардуми нимгурусна дар ҷаҳон имрӯз дар шаҳри Рим идома мекунад.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Созмони ҷаҳонии ғизо ташкил шудааст, ҳудудан 60 раҳбари ҷаҳон, вазирони кишоварзӣ ва мақомоти дигари баландпоя гирди ҳам омадаанд. Вале Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Италия танҳо раҳбари узви ҳаштгонаи кишварҳои абарқудрати саноатии ҷаҳон аст, ки дар ин нишаст ҳузур дорад.

Зимни суханрониаш дар оғози ҳамоиш дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки бӯҳрони имрӯзаи ғизо барои фардо чун занги ҳушдор хизмат мекунад. Вай афзуд, ки солҳои охир бар асари бӯҳрони иқтисодӣ шумори мардуми гурусна дар ҷаҳон “бераҳмона афзун мешавад”.

Бино ба арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид, эҳтимол дорад то охири соли ҷорӣ шумори ниёзмандони ғизо дар саросари сайёра боз 100 миллион нафaр афзуда аз марзи як миллиард инсон ҳам гузарад.

Аммо бо гузашти чанд соат аз оғози ҳамоиши сарону мақомоти баландпояи 60 кишвари ҷаҳон дархости Созмони Милал барои ихтисоси солона 44 миллиард доллар баро рушди арсаи кишоварзиии кишварҳои дар ҳоли рушдро рад карданд. Ҳамчунин дар эъломияи ниҳоии Созмони Милал ваъда барои маҳви гуруснагӣ то соли 2025-ро ҳазф намуданд.

Ин тасмимҳо ва эъломияи ҳамоиш боиси нигаронии намояндагони Созмони ғизои СММ шуд. Раиси ин бахши СММ Жак Дюф гуфт, бӯҳрони ғизоӣ хатари ҷиддӣ барои амният ва сулҳ дар ҷаҳон аст ва сарони кишварҳо бояд барои ҳалли сареъи ин бӯҳрон тавофуқ кунанд.

Попи Рим Бенедикти 16 низ зимни суханронӣ хостори хотима додан ба "ҳирси" дарёфти сармоя аз найрангбозиҳои молӣ бо арзиши маводи ғизоӣ шуд.
XS
SM
MD
LG