Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳвили масъулияти муҳим ба дӯши афғонҳо


Андерс Фог Рассмуссен – дабири кулли НАТО гуфт, сар аз соли оянда афғонҳо ба гирифтани масъулияти таъмини амният дар кишварашон шурӯъ хоҳанд кард. Аммо гуфт Андерс Фог Рассмуссен барои анҷоми чунин кор, бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тамрини нерӯҳои афғонӣ, муррабӣ ва сарбозони бештар ба Афғонистон бифристад. Дабири кулли НАТО дар ин бора пеш аз ифтитоҳи нишасти вазирони хориҷа ва дифоъи Иттиҳодияи Аврупо сухан гуфт, ки дар шаҳри Брюссел, авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Имрӯз вазирони рушди Иттиҳодияи Аврупо сари ҳамин масъала сӯҳбат хоҳанд кард. Беннито Ферреро Валднер – кумиссионери умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе гуфт, ин иттиҳодия умедвор аст, ки Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон дар оянда барои беҳбуди мудирият, “ҷиддан талош” хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG