Имрӯз аз фурудгоҳи Грозний, пойтахти Чеченистон нахустин парвози байналмилалӣ сурат мегирад. Қарор аст ҳавопаймое наздики 200 зоири хонаи худоро ба Арабистони Саудӣ ба хотири адои маросими ҳаҷ бирасонад. Ба ҷуз ин, қарор аст дар фурсати оянда шаш парвози дигари ҳамсон ба Арабистони Саудӣ анҷом шавад. Фурудгоҳи Грозний батозагӣ мақоми байналмилалиро касб кард.