Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масоили моликияти зеҳнӣ дар Бишкек


Дар шаҳри Бишкек дар як семинари байнулмилалӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Афғонистон ва Озарбойҷон масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи моликияти зеҳниро ба доираи баҳс кашиданд.

Гуфта шуд, ки ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар соири кишварҳое, ки намояндагони он дар семинар ширкат доранд, бояд дар асоси қонунгузориҳо сурат гирад. Таъкид гардид, ки дар акси ҳол иқтисодиёти ин кишварҳо аз роҳи ҷалб нашудани молиёт зарари ҷиддӣ хоҳад дид ва ҳам саломатӣ ва амнияти одамони зиёд ҷиддан ба хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни семинар, дар ҳамин ҳол ба ворид намудани маҳсулоти қочоқӣ бештар аъзои гурӯҳҳои ҷиноӣ машғуланд. Турусбек Коеналиев, муовини мудири Қирғизпатент, изҳор кард, ки саҳми маҳсулоте, ки ба ин кишвар аз роҳи ғайриқонунӣ ворид мешавад, беш аз 95 дарсадро ташкил кардааст.

Вай афзуд, ки тибқи қонунгузориҳои Қирғизистон кормандони ин ниҳод дар муқобили маводи қочоқӣ муборизаро вусъат бахшидаанд. Ба гуфтаи Турусбек Коеналиев, вале ба далели он, ки дар миёни ниҳодҳои давлатӣ перомуни мубориза бо амволи қочоқӣ, ҳамкории дуруст ба роҳ монда нашудааст, натиҷаҳои ин мубориза чандон назаррас намебошад.

Зайниддин Ғиёсов, намояндаи комиссиюни иқтисодии Аврупо дар СММ, ки ба гуфтаи ӯ, дар ин семинар аз ҷумҳурии Ӯзбакистон намояндагӣ мекунад, ба радиои Озодӣ гуфт, маводе, ки қочоқбарон ғайриқонунӣ вориди марзи Ӯзбакистон мекунанд, асосан аз наворҳои аудиоӣ ва видеоӣ иборат аст. Ба гуфтаи оқои Ғиёсов, ба манзури ҷилавгирӣ аз пахши ин маҳсулот дар миёни аҳолии Ӯзбакистон дар назди ҳукумат як комиссиюни давлатӣ таъсис дода шуд.

Бар асоси суханони Зайниддин Ғиёсов, аъзои ин комиссиюн ба афзоиши теъдоди маҳсулоти қочоқӣ, ки метавонад аз роҳи сабти такрорӣ сурат гирад, роҳ доданӣ нестанд. Ин манбаъ тазаккур дод, ки дар нӯҳ моҳи соли равон дар Ӯзбакистон ду ҳазор рейд гузаронида шуд ва беш аз ҳафтсад ҳазор дискҳои CD ва DVD мусодира гардиданд, ки қимати он ду миллион доллари амрикоиро ташкил кард.

Дар ҷараёни семинар коршиносони маъруф Кевин Розенбаум аз ИМА ва Ралф Хейнрих аз комиссиюни иқтисодии Аврупо дар СММ роҷеъ ба масъалаҳое сӯҳбат карданд, ки роҳҳои ҷилавгирӣ аз пахши маводи қочоқӣ дар Амрико ва соири кишварҳои аврупоӣ ба чи сурат анҷом дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Александр Оганов, як корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон аз раванди вуруди ғайриқонунии маҳсулоти қочоқӣ дар канор намондааст. Вай афзуд, вале дар муқобили ин иллат, ки иқтисодиёти Тоҷикистонро зери хатар қарор хоҳад дод, мубориза авҷ гирифтааст.

Ба таъкиди Александр Оганов, дар назди вазорати дохилаи ин кишвар як шӯъбаи махсус созмон ёфтааст, ки маҳз алайҳи маводи қочоқӣ мубориза мебарад.

Аммо ба гуфтаи коршиносони масоили иқтисодӣ дар бозорҳо ва мағозаҳои фазои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Афғонистон ва Озарбойҷон сол аз сол шумораи маҳсулоти қочоқии аудиоӣ ва видеоӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Ин манобеъ меафзоянд, ки агар ришватхорӣ дар фазои ин минтақа коҳиш дода шавад, имкониятҳои вуруди ин навъи маҳсулот аз роҳи қочоқ низ маҳдуд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG