Ин ҳайати САҲА ҳангоми мулоқотҳо танҳо ба ҳарфи афроди сиёсии Тоҷикистон ва хабарнигорон гӯш доданду тамом. Дар робита бо бардошти ин ҳайат чизе гуфта намешавад, онҳо аз шарҳи ин ё он масъала худдорӣ карда гуфтанд, дар ояндаи наздик хулосаҳои худро ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон ироа мекунанд. Ин ҳайат бо роҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом додаанд. Азбаски онҳо ҳозир нашуданд, ки дар бораи ҷузъиёти вохӯрӣ ба хабарнигорон шарҳ диҳанд, ба ҷониби дигари ин дидорҳо муроҷит кардем.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон, ки дар ин вохӯрӣ иштирок дошт, мегӯяд, чунин нишастҳо бо раисони аҳзоб ва ВАО муқаррарӣ буда, таври маъмул дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ доир мешаванд. Номбурда ба натиҷагириҳои мухталифи САҲА ва гурӯҳи нозирони ИДМ ишора мекунад:
«Ҳамдигарфаҳмӣ дар фаъолияти ин созмонҳо нест, тавре нозирони САҲА камбудиҳои интихоботҳои Тоҷикистонро ошкор мекунанд, аммо нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шаффофияти интихоботҳоро эълон мекунанд».
Мухтор Боқизода, раиси Созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, мегӯяд, чунин вохӯриҳои созмонҳои байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффоф зиёд мусоидат намекунад. Ба гуфти Боқизода, беҳтар он мебуд, ки дар Тоҷикистон Хазина ё худ Фонди дастгирии чунин маъракаҳои муҳими сиёсиро таъсис медоданд ва ё ҳизбҳо худашон як хазинаи муштарак барои маъракаҳои тарғиботӣ таъсис медоданд. Мухтор Боқизода гуфт:
«Вале, мутаассифона, шояд ҷомеаи Тоҷикистон ба ин чиз омода нашудааст ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳам то ҳанӯз ба дарки чунин таблиғоти сиёсӣ нарасидаанд. Ва ин омаду рафти созмонҳои хориҷӣ ягон натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.»
Мӯсо Асозода, раиси Ассосиатсияи васоити ахбори оммаи электронии Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯз ВАО-и мустақил ва давлатии Тоҷикистон дар фазои маҳдуд фаъолият доранд ва бахши бузурги фазои иттилоотии кишварро расонаҳои хориҷӣ ва ё кишварҳои ҳамсоя иҳота кардаанд.
Дар ин нишаст, ҳамчунин роҳбарони ВАО-и мустақили Тоҷикистон дар бораи мушкилоти реҷаи барқ, ки ба пахши барномаҳо монеъ мегардад, тағйири замони интихоботи парлумонӣ аз зимистон ба дигар фасл, ҳамкории заифи ҳизбҳои сиёсӣ бо ВАО, таъсири бӯҳрон ба ВАО, вазъи феълии матбуоти чопӣ ва электронӣ, дар доираи маҳдуд пахш шудани барномаҳои радиоҳо ва телевизионҳои мустақил ва омодагии ВАО ба интихоботи шаффоф назари хешро иброз доштаанд.

Шукр ки давлати осоишта дорем
Бовар кунед ами мардуми мо худаша мусалмо мегира неким аз чи сабаб бошад нисбати фахмишашон пастар аст рузи будшудара рохашро хечиз гирифта наметонад инчо духтурхо гуно надоранд дар давлатхои пешрафта магар одамхо намемиранд амон духтаро рузаш буд намешуд дар рох тавлуд мекар соку саломат чандин занхо дар дохили мошинхо тавалуд карданд дор рох илтимос духтурро гунахкор накунед барои духтур шудан 7сол умр даркор хони агар шартномави боши 80 е 100 хазор смон месупори.
Шумо душманони мтллат ва Ҷаноби Олӣ фақат тӯҳмату бӯҳронро дар ҳаққи Пешвои ямуқаддаси миллат ҷоиз мебинед. Магар намебинед, ки бо заҳмати Ҷаноби Олӣ ва аҳли оилааш мамлакати мо ба биҳишт ва мардуми он ба малоикаву фариштаҳо монанд шудаанд. Чӣ қадар сарсупориву машаққат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли оилаву авлодашон буду ҳаст, ки мо имрӯз худро миллати тавонову соҳибистиқлол мешуморем
Бояд дар сархати охирин мемондан Холи 162 дар кучо озодира диден салом расонед дар Точикистон агар гари хакро гуфти мисли муовини Зоиров Раиси хизби сотсиал демократи Махмурод Одинаев мебаран гов суд мекунан мардак просто аз шахрдори Душанбе ичозати митинг пурсидая бурда 6 статья Кати шинонданша хеч гап нест хамин ГИРД аст навбати мо хам мешавад худо хохад Ислом Каримов Ки буд Гулнора Каримова Ки буд холо навбати Рахмонов меояд
Дар хакикатан ба омузгорон имрузхо фишор меоран аммо бечора омузгоронро касе дасгири намекна афсус...