Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як сарбози ғайбзада ошкор шуд


Аз қаъри як рудхона дар шарқи Афғонистон ҷасади яке аз сарбозони ғайбзадаи амрикоӣ берун карда шуд. Дар ин бора намояндаи нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО Эрик Трэмблӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки "ҷустуҷӯи сарбозони ғайбзада идома меёбад. Тайи 24 соати ахир мо ҷасади сарбози нерӯҳои десантии Амрикоро пайдо кардем. Айни ҳол ҷасадро ташхис мекунем ва ҳамзамон, бо умеди пайдо кардани сарбози дуввуми ғайбзада, амалиёти ҷустуҷӯро идома медиҳем”. Ба иттилоъи низомиён, рӯзи 4 ноябр ду сарбози нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар вилояти Бодғиз барои ҷустуҷӯи маводи барояшон аз ҳаво партобшуда рафтанд. Дар ҳамин лаҳза задухурд бо толибон шурӯъ шуд ва ҳарду сарбоз ғайб заданд.
XS
SM
MD
LG