Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар ҳамлае 12 нафар кушта шуд


Пулси Покистон мегӯяд, дар як бамгузории интиҳорӣ дар наздикии шаҳри Пешовар, дастикам, 12 нафар кушта, 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳо, омилини ин ҳамла Абдулмалик-шаҳрдори Адозайро ҳадаф қарор додаанд, зеро вай аз Толибон ҳимоят намекардааст. Абдулмалик дар ин ҳодиса ҷон додааст. Тиъбқи як хабари дигар, пулис дар Исломобод як бамгузори дигари интиҳориро қабл аз инфиҷори бам ҳадафи тир қарор додааст.
XS
SM
MD
LG