Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дар ҳукумати нав ришвахориро намеписандад


й ришвахориро намеписандадҲомид Карзай-раиси ҷумҳури мунтахаби Афғонистон қавл додааст, ки дар кобинаи нави давлаташ ҷой барои мақомоти ришвахор нахоҳад буд. Вай дар мусоҳибае бо телевизиони Пи Би Эс-и Амрико гуфтааст, масъулияи ришвахорӣ дар Афғонистонро баъзе кишварҳои кӯмаккунанда низ бар ӯҳда доранд, зеро идораи умури марбут ба иҷрои тарҳҳо заиф будааст. Карзай дар зимн идаъоро дар бораи даст доштани баъзе мақомоти расмии баландпоя, аз ҷумла бародараш Валӣ дар қочоқи маводи мухаддир инкор кард. СММ ва кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати ояндаи Карзай тақозо кардаанд, ки барои мубориза бо ришвахорӣ тадобири мушаххас андешад. Кумиссиюни интихоботи Афғонистон дар аввали ҳамин моҳ Карзайро барандаи интихобот эълон кард.
XS
SM
MD
LG