Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти молҳои қочоқии шаҳрванди Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи сомонаи Today.kz, кормандони гумрук дар посгоҳи марзии ба номи Конисбаева воқеъ дар марзи миёни Қазоқистону Ӯзбекистон аз талоши қочоқи муҳимоти ҷангӣ ва ҷавоҳироти нуқраӣ ҷилавгриӣ кардаанд. Кормандони гумрук ду мошини борбари тамғаи "Волво" ва "Ман"-ро тафтиш кардаанд ва дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст, ки вазни бор бо ҳаҷми он мутобиқат намекунад. Ба навиштаи ин сомона, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз вай ном бурда намешавад, гуфтааст, ки 16 номгӯй "маҳсулоти масрафӣ"-ро мебарад ва нархи он дар ҳуҷҷат 64 000 доллар нишон дода шудааст. Аммо тафтиш собит сохтааст, ки навъи маҳсулот 250 номгӯй аст ва вазни бор 30 тонро ташкил медиҳад. Ин кор ҷинояти иқтисодӣ арзёбӣ шудааст ва тафтишоти такрорӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG