Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди комиссари САҲА аз Қирғизистон


Кнут Воллебек, комиссари олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури ақалиятҳои миллӣ, як сафари серӯза ба Қирғизистонро анҷом дод.

Дар ҷараёни ин сафар оқои Воллебекро вазири хориҷаи Қирғизистон Қодирбек Сарбаев ба ҳузур пазируфт. Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо перомуни дурнамои ҳамкориҳои миёни Қирғизистон ва САҲА баррасӣ карданд, ҳамчунин роҷеъ ба омӯзиши бисёрзабонӣ, таҳияи механизми ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби равобити байнидавлатӣ ва байниқавмии миёни соири кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳс карданд.

Кнут Воллебек бо ноиби нахуствазири Қирғизистон, вазири маориф ва ин кишвар ва раиси маҷмаъи халқи Қирғизистон низ дидору мулоқотҳо анҷом дод.

Тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ Кнут Воллебек, изҳор кард, ки низоъҳои байниқавмӣ яке аз масъалаҳои умда дар фазои кишварҳои узви ин созмон маҳсуб мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, бархурди ҳукумати Қирғизистон ва мақомоти маҳаллии ин кишвар дар масъалаи ҷилавгирӣ аз низоъҳои байниқавмӣ қобили дастгирист.

Комиссари олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ гуфт, ба ақидаи ӯ, нуктаи муҳими масъала ҷилавгирӣ аз вуқуи ҳодисаҳоест, ки
вакилони ду қавм ё аз он бештарро ба вартаи низоъ мекашад.

Вале дар мулоқотҳои ин мақоми баландпояи САҲА бо мақомоти қирғиз аз ҳодисаҳои фоҷиабор дар деҳоти Петровка ва Беловодски ноҳияи Маскави вилояти Чуй дар моҳи апрели соли равон ишора нашуд. Қобил ба ёдоварист, ки баъди таҷовузи духтарчаи чорсолаи рустабор аз тарафи як ҷавони курд дар ҷараёни муқовимат бо курдтаборони ноҳия ду нафар эътирозгар ҷароҳат бардошт ва даҳҳо эътирозгар ба додгоҳ кашида шуданд.

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, вазъият дар ҷануби Қирғизистон низ чандон солим нест. Ин манобеъ мегӯянд, ки сокинони тоҷиктабор ва ӯзбактабори ин минтақа аз мақомоти маҳаллӣ норозиянд. Гуфта мешавад, ки дар идораҳои ҳукуматӣ намояндагони ин ду ақалияти миллӣ ба мақоми раҳбарӣ пешниҳод намешаванд ё пешниҳод шаванд ҳам, миллатгароёни маҳаллӣ намегузоранд, ки онҳо соҳиби курсӣ шаванд.

Аммо мақомоти Бишкек ин даъвоҳоро комилан беасос мехонанд. Ба гуфтаи мақомот, агар кадрҳои ба мақомҳои раҳбарӣ пешниҳодшуда қобилият ва донишу маҳорати казоӣ дошта бошанд, ҳеч кас дар мавриди ба ин ё он мақом тайин шудани онҳо монеъ нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG