Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел дар баробари Конгресс суханронӣ мекунад


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз қарор аст бо суханронии умдаи худ дар баробари конгресси Амрико ҳозир шавад. Ин як имконияти хеле нодирест, ки ба раҳбари як кишвари муттафиқи Амрико дар амри муроҷиат ба ҳарду палатаи конгресс дода мешавад. Хонум Меркел танҳо дуюм раҳбари Олмон мешавад, ки имкони суханронӣ дар конгрессро ба даст меорад. Қаблан чунин имконият ба Конрад Аденауэр дар соли 1957 дода шуда буд. Қарор аст дар сӯҳбатҳои Меркел ояндаи равобити фароатлантикӣ баъди 20 соли шикасти низоми коммунистӣ баррасӣ шавад. Инчунин, бар тибқи иттилои сухангӯи Меркел, ӯ ба мавзӯъҳои Афғонистон, Эрон, танзими меъёрҳои молӣ ва тағйироти иқлим муроҷиат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG