Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи сартарошидаҳо бояд дар додгоҳ ҳозир шавад


Дар вилояти Тюмени Русия баррасии парвандаи ҷиноии гурӯҳи 14-нафараи сартарошидаҳое анҷом шуд, ки дар аъмоли экстремистӣ, ҷиноятҳои махсусан вазнин ва ғорати амвол айбдор дониста мешаванд. Хабаргузории Регнум аз қавли дафтари матбуоти додситонии вилояти Тюмен мегӯяд, ки соли 2007 шахсе бо исми Александр Ходиреви 21-сола бо ҳадафи ҳамла ба нафарони чеҳраҳои осиёиву қафқозидошта як “ҷамъияти экстремистиро” ташкил карда ба он 13 нафари дигари 17-22-соларо ҷалб кардааст. Гурӯҳи мазкур ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Арманистон ва дигар сокинони ғайрируси кишварашон ҳамлаҳо ташкил мекарданд. Тибқи гузориши додситонии Тюмен, ин гурӯҳ ду нафарро кушта ва чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро дар паи ҳамлаи гурӯҳии ваҳшиёнае маҷрӯҳ кардаанд. Ин афрод бояд дар наздиктарин фурсат дар додгоҳ ҳозир шаванд.
XS
SM
MD
LG