Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Барак Обама аз пирӯзии Ҳомид Карзай


Ҳомид Карзай

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, Ҳомид Карзайро бо тамдид шудани мӯҳлаташ дар мақоми раисиҷумҳури Афғонистон табрик гуфт.

Вай аз Ҳомид Карзай давъват кард, ки ба мавзуи мубориза бо фасод дар кишвар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад. Намояндаи Кохи Сафед Роберт Гибс гуфтааст, ки Обама аз поён ёфтани раванди интихоботӣ дар Афғонистон қаноатманд аст.

Ҳомид Карзайро бо пирӯзӣ дар интихобот раҳбарони Созмони Милали Муттаҳид, Бритониё ва Покистон ҳам табрик кардаанд. Олмон ва Фаронса аз Карзай даъват намуданд, ки ба хотири муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ бо рақиби аслияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Абдулло Абдулло ҳамкорӣ кунад.

Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар бораи пирӯзии Карзай баъди он тасмим гирифт, ки рақиби ӯ дар даври дуввуми интихобот Абдулло Абдулло бо далели мутмаин набуданаш ба интихоботи озоду шаффоф дар кишвар аз идомаи сабқат даст бардошт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG