Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи кишварҳо аз баранда эълон шудани Карзай


Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз тасмими барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълон кардани Ҳомид Карзай истиқбол кард. ИМА Ҳомид Карзайро "раҳбари қонунии кишвар" номид. Созмони Милали Муттаҳид, Бритониё ва Покистон сарварии феълии Афғонистонро бо пирӯзӣ табрик карданд. Олмон ва Фаронса аз Карзай даъват карданд, ки ба хотири муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ бо рақиби аслияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Абдулло Абдулло ҳамкорӣ кунад.
Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар бораи пирӯзии Ҳомид Карзай баъди он тасмим гирифт, ки рақиби ӯ дар даври дуввуми интихобот Абдулло Абдулло, бо далели мутмаин набуданаш ба интихоботи озоду шаффоф дар кишвар, аз идомаи сабқат даст бардошт. Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон тақаллубу қонуншиканиҳои зиёд сабт шуданд ва баъд аз тафтиши онҳо Комиссиюни мустақили интихобот натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар 210 қитъаи интихоботиро лағв кард.
XS
SM
MD
LG