Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко хостори кумак дар мубориза бо "зукоми хук" шуд


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко аз як қатор давлатҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ хостори кумак дар рафъи паёмадҳои густариши марзии "зукоми хук" дар кишвар шуд. Дар изҳороти раисиҷумҳур гуфта шудааст, ки "вазъи ба вуқӯъпайваста ба амнияти миллии Украина таҳдид мекунад". Тибқи хабарҳо, номаи Юшенко унвонии сарони Русия, Иёлоти Муттаҳида, Лаҳистон, Руминия ва ҳамчунин ба раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО фиристода шудааст. Дар Украина 180 ҳазор нафар ба маризии зукоми хук мубтало шуданд ва 53 нафари онҳо аз олам даргузаштанд. Рӯзи якшанбе Русия назорати беҳдоштӣ дар марз бо Украинаро таҳким бахшид.
XS
SM
MD
LG