Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ба даври дуввуми интихобот танҳо меравад


Муттаҳидони Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯянд, бо вуҷуди хуруҷи Абдулло Абдулло-номзади интихоботии раёсати ҷумҳурии Афғонистон даври дуввуми интихобот 7-ӯми ноябр баргузор мешавад. Вале муттаҳидони Карзай билофосила тавзеҳ надодаанд, ки оё бо як номзад интихобот ҷанбаи қонунии худро аз даст медиҳад ё хайр. Абдулло Абдулло-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва вазири пешини умури хориҷаи ин кишвар субҳи имрӯз аз ширкат дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даст кашид. Абдулло Абдулло ин тасмими худро ба гурӯҳи бузурге аз ҷонибдоронаш дар Кобул эълон кард. Вай гуфт, сабаби фаро хондани номзадиаш ин аст, ки ҳукумат ва кумиссиюни интихоботӣ дарохостҳои вайро барои баргузории интихоботи одилона напазируфтанд. Вай афзуд, даст кашидан аз рақобат бар зидди президент Ҳомид Карзай барояш тасмими осоне набудааст. Вале Абдулло аз ҷонибдоронаш дархост накардааст, ки даври дуввуми интихоботро байкот кунад.
XS
SM
MD
LG