Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло аз ширкат дар интихобот даст кашид


Абдулло Абдулло-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва вазири пешини умури хориҷаи ин кишвар аз ширкат дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даст кашид. Даври дуввуми интихобот 7-ӯми ноябр баргузор мешавад. Абдулло Абдулло ин тасмими худро ба гурӯҳи бузурге аз ҷонибдоронаш дар Кобул эълон кард. Вай гуфт, сабаби фаро хондани номзадиаш ин аст, ки ҳукумат ва кумиссиюни интихоботӣ дарохостҳои вайро барои баргузории интихоботи одилона напазируфтанд. Вай афзуд, даст кашидан аз рақобат бар зидди президент Ҳомид Карзай барояш тасмими осоне набудааст. Аммо гуфт, 7-ӯми ноябр имкони баргузории интихоботи одилона вуҷуд надорад. Абдулло бори дигар кумиссиюни интихоботиро ба тақаллуб дар натиҷаҳои райдиҳии даври аввали интихобот дар 20-ӯми август муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG