Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина аз зукоми хук 34 нафар даргузашт


Имрӯз мақомоти беҳдоштии Украина гуфтанд, ки дар ин кишвар аз бемории зукоми хук 34 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Васил Князевич-вазири беҳдошти Украина гуфт, аз ин 34 нафар 2 нафарашон кудак будаанд. Вай таъкид кардааст, ки Украина бояд худро бар зидди густариши бештари ин беморӣ омода кунад. Самти густариши ин беморӣ ҳоло ба сӯи Украинаи марказӣ мушоҳида мешавад. Вазир гуфт, то ҳол дар минтақаи густариши бемории мазкур 80 000 нафар ба эҳтимоли гирифторӣ ба вируси зукоми хук сабти ном шудаанд. Ҳоло нишонаҳои ин беморӣ рӯшан нашудааст, зеро он бештар ба бемории зукоми маъмулӣ шабоҳат дорад. Шӯрои Амнияти Миллии Украина рӯзи ҷумъа як барномаи 55 миллион доллариро барои пешгирӣ ва зери контрол даровардани ин беморӣ ба тасвиб расонд.
XS
SM
MD
LG