Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик рӯзи якшанбе бо Яман бозӣ мекунанд


Рӯзи якшанбе дастаи мунтахаби футболи то синни 19-солаи Тоҷикистон дар Катмандуи Непал барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии бозиҳои Қаҳрамонии Осиё 2010 бо дастаи мунтахаби Яман бозӣ мекунад. Ин чаҳорӯмин бозии ҷавонони тоҷик хоҳад буд. Дар ҳамаи се бозии гузашта онҳо пирӯзӣ ба даст оварданд ва ҳоло дар гурӯҳи "А" пешсафи ягона мебошанд. Тоҷикистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 4:0, бо Фаластин бо ҳисоби 3:0 ва бо мизбони мусобиқа Непал бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ҳоло бо 9 хол дар зинаи аввали ҷадвал қарор дорад.
XS
SM
MD
LG