Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамманои Роберт Золлик ба афғонҳо


Роберт Золлик – мудири Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Афғонистон бояд “ҳукумати самимитар ва ислоҳталаб” дошта бошад. Роберт Золлик дар мақолае дар рӯзномаи “Вашингтон Пост” навиштааст, ҷомеи ҷаҳонӣ бояд ба хотири тақвияти мудирияти хазинаи давлатӣ бо афғонҳо кор карда ва як иртиботи қавӣ миёни амнияту рушд биёфаранд. Роберт Золлик гуфтааст, феълан аз се ду ҳиссаи кӯмакҳо ба Афғонистон аз тариқи дигар ниҳодҳо ба ин кишвар расонда мешавад, зеро кишварҳои донор ба ӯҳдабароӣ ва шаффофияти ҳукумати Афғонистон шак доранд. Баъди моҷароҳо доир ба таққалубкорӣ дар интихобот ва лағви орои зиёде аз Ҳомиди Карзай вай маҷбур шуд, дар даври дуввуми интихоботи раёсаи ҷумҳур бо рақибаш Абдулло Абдулло ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG