Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашми зебопарасти меъмор


Баҳром Маҳмадалиев
Баҳром Маҳмадалиев

Баҳром Маҳмадалиев меъмор аст. Вай дар торнигор ё веблоги худ хабару рӯйдодҳо ё таассуроти барояш муҳимро ҷой медиҳад. Инак, ду номаашро аз блоги "Меъмор" пешкаш мекунем. Вай мушарраф ба зиёрати мақбараи Мавлоно шудааст.

Вай бо камоли майл ризоият дод, таассуроти сафараш ба Туркия, андешаҳояш ва аксҳои олиҷанобаш дар "Блогистони "Озодӣ" ба нашр расанд.

Донишгоҳи ба номи Ибни Сино дар Анталиа

22.10.2009

Имрӯз саҳар маълум шуд, ки лоиҳаи кампуси донишгоҳи ба номи Ибни Сино дар Анталиаро ба ман медиҳанд. Ҳар чи қадаре, ин моҳ аз ширкат баромада ба Ватан рафтанӣ будам ҳам, акнун маҷбур мешавам каме вақти истоданамро дароз кунам. Орзу дорам ҳарчи тезтар ақалан сафҳаи фикрии лоиҳаро ба итмом расонам. Намедонам, ки дар Ватан чунин намӯди лоиҳаҳо ба дастам меафтанд ё не, амо боз дили бандаро Диёри Азиз ба худ мекашад. Танҳо аз хотири бузургвори Тоҷик мумкин ин проектро давом медиҳам...

Зиёрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва бунёди ду донишгоҳ ба номи бузургони Тоҷик

21.10.2009

Рӯзҳои 9-10 Октябр сафар ба шаҳрҳои Куниё (Коня) ва Анталиа доштам. Дар ҳар ду ин шаҳр ба номи авлодони бузурги Тоҷик ду кампуси донишгоҳ хоҳанд сохт. Дар Куниё - Донишгоҳи Мавлоно, ва дар Анталиа Донишгоҳи ба номи Ибни Сино. Барои ман ҳамчун фарзанди Тоҷик ин хело гурурбахш буд. Масоҳати ҳар дуи замини донишгоҳ каме зиёд аз 250 ҳазор метри квадратист. Ҷойгиршавии маҳали кампусҳо хело олист. Ҳардуи замин дорои манзараи зебои кӯҳост, мисли ҳамоне, ки дар диёри мост. Ширкате, ки дар он кор мекунам ӯҳдадор шуд то лоиҳаҳои ин донишгоҳоро тайёр кунад. Дар поён аз ҷоиҳои зиёратам каме аксҳоро мегузорам.




























































































































Аз торнигори "Меъмор"
XS
SM
MD
LG