Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз обшавии пиряхҳо


Аз меъёр зиёд обшавии пиряхҳое, ки дар баландкӯҳҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон маҳфузанд, баъди чанд даҳсолаи дигар мардуми саросари Осиёи Марказиро ба камбуди оби ошомиданӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Ин матлаб зимни як сӯҳбати мизи гирд дар Бишкек матраҳ гардид, ки таҳти унвони «Ба пиряхҳо бояд бо муҳаббат нигоҳ кард» сурат гирифт. Дар он депутатҳои парлумони Қирғизистон, намояндагони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ ва вакилони корпусҳои дипломатӣ ширкат карданд.

Рустам Қобилбеков, раиси Бунёди иҷтимоии ҳифзи пиряхҳои «Монгу» ба номи Мерсбахер, мақараш дар Бишкек, гуфт, вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари ҷиддӣ огаҳ кард, то ки пеши обшавии босуръати пиряхҳои бузургро гирифта тавонад.
Рустам Қобилбеков афзуд, ҳеҷ як фарди солим намехоҳад, ки ин минтақаи биҳиштосо рӯзе ба дашту биёбон табдил ёбад.
Ба гуфтаи ӯ инсон дар назди ҳарорати офтоб оҷиз аст ва аз гармшавии иқлим ҷилавгирӣ имконнопазир мебошад.

Оқои Қобилбеков афзуд, вале омилҳои дигаре мавҷуданд, ки тавассути он аз суръати обшавии пиряхҳо метавон ҷилавгирӣ кард.
Эркингул Имомхӯҷаева,як иштирокчии мизи гирд, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ изҳор кард, ки солҳои панҷоҳӯми қарни гузашта масоҳати кӯли Петрови вилояти Иссиқкӯли кишвараш, ки аз обшавии пиряхи Петров дар қуллаи Оқ-Ширкаки қаторкӯҳҳои Тиёншон ҳосил шудааст, ҳамагӣ 20 гектарро фаро гирифта буд.

Ин хонум афзуд, дар ҳамин ҳол масоҳати кӯли Петров ба 380 гектар ва умқи он аз 12 ба 72 метр афзоиш ёфтааст.

Ба таъкиди Эркингул Имомхӯҷаева агар сарбанди кӯли Петров дар натиҷаи заминларза ё аз ҳад зиёд обшавии пиряхи Петров рахна пайдо кунад, ғайр аз он ки партобаҳои ҳаставии 100 миллион тоннагии кони тиллои Қумтор зери об хоҳанд монд, ҳамчунин садҳо ҳазор сокини вилояти Норин, ки дар ин минтақа маскунанд, ба таҳдиди заҳролудшавӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Роза Отунбоева, депутати парлумони Қирғизистон, гуфт, коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳаёти баъзе пиряхҳои бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ аз даҳ то бист сол тӯл хоҳад кашид.

Ба гуфтаи Роза Отунбоева мардуми минтақа бояд аз ҳукумати кишварҳои худ тақозо карда тавонанд, ки ин ҳукуматҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз бадшавии вазъи экологӣ, ба хусус, обшавии босуръати пиряхҳо ҷиддан чораҷӯӣ кунанд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни мизи гирд манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ сарчашмаи зиндагӣ, барқ ва субот дар ин минтақа маҳсуб мешаванд. Боз таъкид гардид, ки панҷ кишвари он-Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон системи воҳиди экологиро ташкил мекунанд. Ба гуфтаи иштирокчиёни мизи гирд аммо Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар тафовут бо се кишвари дигари Осиёи Марказӣ, кишварҳое муаррифӣ шудаанд, ки захираҳои оби минтақа дар қаламрави ин ду кишвар бар асоси пиряхҳои бузург ташаккул ёфтаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти ин кишвар, моҳи сентябри соли равон аз минбари Маҷмаъи умумии СММ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба проблемаи пиряхҳои Осиёи Марказӣ кашидааст. Вай гуфтааст, ки бар асари гармшавии иқлим ҳаёти мардуми ин минтақа ба хатари ҷиддӣ рӯбарӯст. Президент Раҳмон пешниҳод намудааст, ки таъсиси бунёди ҳифзи пиряхҳо қадаме дар мавриди ҳифзи манобеи оби Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Коршиносон мегӯянд, ки дар тӯли даҳсолаҳои ахир аз се як ҳиссаи масоҳати пиряхҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон маҳфузанд, аз байн рафтаанд. Гуфта мешавад, тағйири иқлим ва гармшавии ҳаво ин равандро фақат суръат бахшидааст.
XS
SM
MD
LG