Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Эрон ба дасти Ожонси нирӯи ҳастаӣ расидааст


Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ мегӯяд, посухи муқаддамотии Эрон ба пешниҳодҳояш дар бораи баҳси ҳастаии он кишварро дарёфт кардааст. Ҷузъиёти посух и Теҳрон ҳанӯз рӯшан нест. Қаблан хабаргузории эронии ИСНО аз қавли фиристодаи он кишвар дар Ожонси ҳастаӣ Алиасғар Султония навишт, ки Теҳрон хостори як идда тағйироти фанниву иқтисодӣ ба тарҳи пешниҳодӣ шудааст.
Тибқи ин тарҳ, Эрон бояд бахши аъзами ураниуми андак ғанисозишудаашро ба манзури ғанисозии бештар ва тавлиди маводи сӯхт ба Русияву Фаронса бифиристад. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз гуфт, Эрон барои ҳамкорӣ бо Русияву Фаронса ва Амрико дар ин муомила омода ҳаст, аммо қудратҳои ҷаҳонӣ бояд бар тааҳҳудоти худ амал кунанд.
XS
SM
MD
LG