Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси Андози Тоҷикистон ислоҳ мешавад


Порлумони Тоҷикистон тарҳи санадеро баррасӣ мекунад, ки ба мақомоти андоз ва ё молиёти ин кишвар салоҳиятҳои бештар хоҳад дод. Хабаргузории расмии “Ховар” мегӯяд, бо ислоҳи Кодекси андоз ва ё молиёти Тоҷикистон, мақомоти молиёт ҳақ хоҳанд дошт, барои ситонидани молиёти насупурда бидуни ҳукми додгоҳ, моликияти афрод, ё муассисаҳоеро ҳабс намуда ва маблағро аз ҳисобҳои бонкии онҳо низ ситонанд. Муаллифони тарҳи ислоҳи Кодекси Андоз мегӯянд, афзоиши салоҳиятҳои маъмурони ин арса имкон медиҳад, сарпечӣ аз пардохти молиёт камтар ва воридоти маблағ ба буҷаи давлатӣ беҳтар шавад.
XS
SM
MD
LG