Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Комшич аз раҳоии Плавшич


Раисиҷумҳури Боснӣ Желко Комшич ба нишони эътироз алайҳи пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шудани раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Биляна Плавшич сафари расмии худ ба Шветсияро лағв кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, хонум Плавшич барои рафтори хуб дар маҳбас ва иқрори ҷиноёташ се сол пеш аз мӯҳлат чаҳордевори маҳбас дар Шветсияро тарк намудааст.
Биляна Плавшич, ки баъд аз Радован Караҷич раҳбари сербҳои Боснӣ интихоб шуда буд, барои “поксозии қавмӣ” ва таъқиби мусалмонҳову хорватҳо замони ҷанг дар Боснӣ ва Ҳерсеговина дар нимаи аввали солҳои 90-ум аз сӯи Додгоҳи Ҳейг ваё Гаага барои 11 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Раҳоии пеш аз мӯҳлати Беляна Плавшич боиси эътирози шадиди мусалмонҳои Боснӣ ва хорватҳо гардид.
XS
SM
MD
LG