Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни таркиш дар шаҳри Пешовари Покистон ба 90 нафар расидааст. Дар ин ҳодиса беш аз 200 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар бозори маркази шаҳр як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро инфиҷор кард. Инфиҷор ҳамагӣ чанд соат баъд аз вуруди котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба Покистон рух дод.

Дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод хонум Клинтон изҳор намуд, ки "Амрико дар ҷанг бо ифротгароён дар паҳлӯи Покистон қарор хоҳад дошт". Ӯ афзуд, ки Вошингтон барои ироаи ҳама гуна кумаки зарурӣ ба Покистон дар ин мубориза омода аст.

Котиби давлатии ИМА ҳамчунин аз артиши Покистон, ки дар марз бо Афғонистон амалиёт алайҳи ошубгаронро идома медиҳад, ситоиш намуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG