Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасде, ки Арманистонро такон дод


Даҳ сол пеш оромии нисбӣ дар иҷлосияи порлумони Арманистонро доду фарёд ва садои тирборон халалдор кард.

Панҷ марди мусаллаҳ ба толори порлумон ворид шуда, сӯи минбар ва вакилон оташ кушоданд ва бар асари ин сарвазир Вазген Саргсиён, раиси порлумон Карен Демирчиён ва чанд сиёсатмадори дигар ба ҳалокат расиданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Рузана Хачатуриён он лаҳзаҳо дар бинои порлумон буд ва дар бораи ин лаҳзаи мудҳиш ин гуна гузориш дода буд:

“Гурӯҳи ҷавонон сӯи сарвазир ва вакилон оташ кушоданд. Мо ҳоло зери курсиҳо паноҳ бурдаем ва тирпарронӣ ҳанӯз идома дорад. Авбошон фарёд мезананд, ки агар касе ба бинои парлумон наздик биёяд, ҳадафи тир қарор мегирад. Садои тир аз дафтари хадамоти амниятӣ ба гӯш мерасад. Яке аз вакилони маҷрӯҳшуда даргузашт. Сарвари афроди мусаллаҳ дод мезанад, ки “ҳукумат хуни мардумро макидааст”.

Ин сӯиқасди мудҳиш, ки мустақиман аз тариқи телевизион пахш шуд ба рӯзҳои баъдӣ онро чандин бор гаштаву баргашта намоиш доданд, Арманистон, ин кишвари хурди қафқозиро такон дод.

Гуфта мешавад, ки гардиши куллӣ дар таърихи кишварро муқаррар кардан саҳл нест ва аммо аз нигоҳи коршиносон, фоҷиаи рӯзи 27 октябри соли 1999 барои Арманистон воқеан ҳам як гардиши куллии таърихӣ маҳсуб мешавад.

Оғози роҳ ба сӯи режими нимаистибдод

Коршиносон мегӯянд, ки ҳамла ба порлумон паёме буд аз поён ёфтани раванди рушди Арманистон дар роҳи демократия ва роҳ гирифтани кишвар сӯи як режими нимаистибдодӣ ва нерӯманд шудани қудрати раисиҷумҳур.

Хабарнигор Анна Исроилиён ҳам рӯзи фоҷиа аз нишасти парлумон гузориш таҳия мекард ва мегӯяд, ки он лаҳзаҳои мудҳишу қатл ҳеҷ гоҳ аз ёди ӯ зудуда нахоҳанд шуд.

Анна мегӯяд, “баъд аз фирор аз толори парлумон ман ва хабарнигори Радиои Озодӣ Рузана Хачатуриён дар китобхонаи парлумон панаҳ бурдем. Мо бо курсиҳо дарҳоро бастем ва ҳамроҳ дар як кунҷ пинҳон шудем. Ба назар мерасид, теъдоди авбошоне, ки ба бинои порлумон ворид шуданд, панҷ-шаш нафар на, балки бештар аст ва аз ин рӯ мо интизори ҳамла будем. Ман воқеан ҳам сахт тарсида будам, зеро бори аввал дар ҳаётам дидам, ки чӣ гуна дар пеши чашмам одам куштанд. Ин фишори шадиде буд, ки он лаҳзаҳо ман барои рафъи он қодир набудам”.

Ба хотири поён бахшидан ба бадбахтиҳои мардум?

Лаҳзае аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба вакилони порлумони Арманистон
Гуфта мешавад, гурӯҳи мусаллаҳ таҳти сарварии хабарнигори собиқ Наирӣ Ҳунониён эълом дошт, ки “ба хотири поён бахшидан ба бадбахтиҳои мардум даст ба табадуллоти давлатӣ задааст”.

Худи Ҳунониён дар лаҳзаҳое, ки ба думболи тирпарронӣ вакилонро гаравгон гирифта буданд, ба хабарнигорон аз бадбахтиҳои кишвар ҳарф мезад. Ӯ мегуфт, ки “мардум гуруснагӣ мекашанд ва дар кишвар ягон нишонаи пешрафт ба чашм намерасад”.

Панҷ фарди мусаллаҳ, ки дар забти бинои порлумон ширкат доштанд, субҳи рӯзи 28 октябр ба мақомот таслим шуданд ва соли 2003 ҳамаи онҳо бо иттиҳоми куштор ба ҳукми абад маҳкум шуданд.

Дар мурофиа Наирӣ Ҳунониён гуфт, ки бо куштори сарвазир Вазген Саргсян барои, ба гуфтаи ӯ, “барқарорсозии низоми конститутсионӣ ва нерӯманд кардани мавқеи раисиҷумҳури вақт Роберт Кочариён талош кардааст”. (Зимнан, раисиҷумҳури феълӣ Серж Саргсян ва сарвазир Тигран Саргсян бо Вазген Саргсян пайванди хешутаборӣ надоранд).

Ҳодисае, ки раисиҷумҳурро яккатоз кард

Ва аммо гуфта мешавад, ки дар мурофиаи додгоҳии ширкаткунандагони ин ҳамла бисёр суолҳо беҷавоб монданд. Аз ҷумла, суолҳое, ки чӣ гуна хабарнигори собиқ Наирӣ Ҳунониён ҳамчун корманди телевизиони давлатӣ ба порлумон роҳ ёфт ва чӣ гуна афроди мусаллаҳ бо силоҳ вориди бинои порлумон шуданд?

Роберт Кочарян, собиқ раисиҷумҳури Арманистон
Мурофиа дар ҳоле бо шитобзадагӣ поён ёфт, ки Ҳунониён мехост иттилое наверо дар робита ба ҳамла ба порлумон ба хабарнигорон ироа кунад ва аз ин рӯ коршиносон мегӯянд, афроде, ки ин ҳамларо тарҳрезӣ кардаанд, то ҳол пушти парда боқӣ мондаанд. Яке аз ширкаткунандагони ҳамла ба порлумон - Врам Галстиён моҳи апрел соли 2004 дар маҳбас даст ба худкушӣ зад.

Коршиносон мегӯянд, ки баъд аз фоҷиаи рӯзи 27 октябр ҳама мардуми Арманистон дар атрофи раисиҷумҳур Кочариён муттаҳид шуданд ва ӯ бо истифода аз ин вазъ сохторҳои демократии зуҳуркардаро аз байн бурд.

Баъд аз муддате аҳзоби мухолиф берун аз порлумон монданд, телевизиони мустақили миёни мардум маъруф баста шуд. Ин ҳодиса ҳамчунин раванди эътидоли низоъ бо Озарбойҷони ҳамсоя дар робита ба Қарабоғи кӯҳиро вориди бунбаст кард ва музокирот фақат баъд аз чанд соли дигар аз сар гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG