Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 узви сипоҳи Эрон дар Покистон боздошт шуд


Гузоришҳо аз Покистон ҳокист, ки Покистон 11 нафар аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро барои убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт кардааст. Додурраҳмон-афсари пулис гуфтааст, ин 11 нафар дар қисмати ҷануби ғарбӣ дар наздикии марз бо Эрон боздошт шудаанд. Боздошти кормандони сипоҳи Эрон баъд аз 8 рӯзи бамгузории интиҳорӣ сурат мегирад, ки дар он 42 нафар ҷони худро аз даст доданд ва дар миёни онҳо 6 нафар аз кормандони сипоҳ низ буданд. Гурӯҳи суннии Ҷундуллоҳ, ки ба гуфтаи Теҳрон дар Покистон фаъолият мекунад, масъулияти ин бамгузориро бар ӯҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG