Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Испания ва Фаронса аз Манас рафтанд?


Бино ба гузориши радиои испании Cadena Ser, нирӯҳои Испанияву Фаронса ахиран маҷбур шудаанд пойгоҳи ҳавоии Қирғизистонро, ки дар амри таъмини ин нирӯҳо дар Афғонистон як нуқтаи калидӣ маҳсуб мешуд, тарк кунанд. Бино ба ин гузориш, Бишкек замони истифодаи ин пойгоҳро барои нирӯҳои он ду кишвари Аврупо тамдид накардааст. Радио бидуни бурдани ном аз қавли манобеъи дипломатӣ мегӯяд, Испания маҷбур шудааст, ҳанӯз рӯзи 13 октябр ҳудуди 60 аскар ва 2 ҳавопаймои C-130-ашро аз пойгоҳи Манас дар Қирғизистон ба Ҳироти Афғонистон бикӯчонад. То ҳол касе дар вазорати дифоъи Испания ин хабарро тасдиқ накардааст.
XS
SM
MD
LG