Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия аз барномаи нави Амрико ҳимоят кард


Сарвазири Ҷумҳурии Чех Ян Фишер дар пайи мулоқот бо ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, кишвараш барои мушорикат дар барномаи нави дифоъи зиддимушакии Амрико омода ҳаст. Байден гуфт, ки Вошингтон дар моҳи оянда як ҳайъати коршиносонашро барои баррасии ин мавзӯъ ба Прага ирсол хоҳад кард. Байден дар ин ҳафта пуштибонии Руминия ва Лаҳистон аз ин барномаи ҷадиди дифоъиро низ ба даст овард.
Амрико дар аҳди Ҷорҷ Буш мехост ҷузъҳои сипари зиддимушакиашро дар Чехияву Лаҳистон мустақар кунад, вале он тарҳ ба мухолифати шадиди Русия рӯбарӯ шуд.
XS
SM
MD
LG