Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба тамрини нирӯҳои афғон талош хоҳад кард


Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен рӯзи ҷумъа аз аъзои ин паймони низомӣ даъват кард, ҷиҳати тамрини нирӯҳои амниятии Афғонистон ҷидду ҷаҳди бештар нишон диҳанд: “Маблағгузорӣ ба тақвияти тавоноии нирӯҳои амниятии Афғонистон ба ин маънист, ки кори худи НАТО баъдан осонтар хоҳад шуд. Ва мо ҳама ҳаминро мехоҳем. Ва пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, худи афғонҳо.” Расмуссен дар пайи нишасти вузарои дифоъи НАТО дар Братислава ҳамчунин гуфт, НАТО бо ироаи чунин кӯмакҳо ҳаққ дорад аз давлати нави Афғонистон, ки баъд аз даври дуввуми интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ ташкил хоҳад шуд, муассирият ва муборизаи бештар бо фасодро тақозо кунад. Даври дуввуми интихоботи Афғонистон рӯзи 7 ноябр барпо хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама пешниҳоди эъзоми нирӯҳои бештар ба Афғонистонро ба омӯзиш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG