Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрои Вахшро дар Роғун ба зудӣ мебанданд


Тоҷикистон дар тарҳи будҷаи соли ояндааш барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун 650 миллион сомонӣ, муодили 148 миллион доллар ҷудо мекунад, ки назар ба соли ҷорӣ 138 миллион сомонӣ бештар будааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар маҷмӯъ ба манзури рушди риштаи энержии кишвар дар тарҳи будҷа беш аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо кардаанд. Ҳазинаи эҳдоси ҳамаи 6 чархаи нирӯгоҳи Роғун 2 миллиард доллар баровард шудааст.
Бо ин ҳол, як манбаъ дар вазорати энержии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, бастани маҷрои рӯди Вахш ба хотири идомаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун алакай дар авоили моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG