Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Эрон раҳоии донишмандро тақозо кард


Амрико аз Эрон тақозо кардааст, ки Киёни Тоҷбахш-донишманди амрикоии эронитаборро аз зиндон раҳо кунад. Вай баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурии Эрон дар моҳи июн боздошт ва барои дастикам 12 сол ба зиндон афканда шуд. Ян Келлӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш "амиқан нигарон" аст, ки Тоҷбахш дар Эрон барои муддати тулонӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Тоҷбахш аз ҷумлаи 100 нафарест, ки баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва тазоҳуроти эътирозӣ дар Теҳрон боздошт шудаанд. Вай барои ҷосусӣ ва барои фаъолият бар зидди амнияти Эрон муттаҳам дониста шудааст.
XS
SM
MD
LG