Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии баён дар Тоҷикистон маҳдудтар шудааст?


Мақоми Тоҷикистон имсол дар гузориши озодии баён ҳафт зина поён рафта аз 106-ум зинаи соли гузашта ба 113-ум мақом поин фаромадааст. Ин нишондод ба давраи солҳои 2007 наздик аст, ки он вақт Тоҷикистон дар ҷои 115-уми ин феҳраст қарор дошт. Чунин омадааст дар гузориши созмони ҳомии озодии баён “Гузоришгарони бидуни марз” – мақарраш дар Париж, ки имрӯз нашр шуда, вазъи матбуот ва озодии баёнро дар соли 2009-ум хулоса кардааст. Дар гузориши мазкур вазъи матбуот, дастрасӣ ба иттилоот, шароити кори хабарнигорон ва маҳдудияту монеаҳои кори журналистон дар 175 давлати ҷаҳон дар марҳилаи байни аз 1 сентябри соли 2008 то 31 августи соли 2009 хулоса шуда аз лиҳози озодии баён ҳар кишвар раддабандӣ шудааст.

Гузориш ҳокист, ки вазъи озодии баён дар қаламрави ҳама ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ба ҷуз Гурҷистон дар соли ҷорӣ бадтар шуда ҳама кишварҳо – аз Русия сар карда то ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фишор болои матбуоти озоду мустақил, маҳдудият дар кори расонаҳои озоди хабарӣ ва мушкилоти дигарро намоиш додаанд.

XS
SM
MD
LG