Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи Тоҷикистон дар ФИФА 4 зина боло рафт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандиҳои ФИФА роҷеъ ба натиҷаҳои моҳи октябр чаҳор зина боло рафт ва ҳоло дар миёни 207 даста зинаи 168-ӯмро ишғол мекунад. Қаблан дастаи Тоҷикистон дар зинаи 172 буд. Дастаи Бразилия зинаи аввалро соҳиб шуд. Дар зинаи аввал то ҳол дастаи Испания буд, Ин даста ба зинаи дуввум рафт. Дар зинаи севвум ҳамчунон дастаи Голландия боқӣ мондааст. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло дастаи Ӯзбекистон дар беҳтарин мавқеъ қарор дорад ва зинаи 80-ӯмро ишғол мекунад. Дастаи Арманистон 25 зина боло баромад ва ҳоло дар зинаи 100-ӯм аст. Дастаи Қазоқистон 15 зина боло рафт ва акнун мавқеи 121-ӯмро ишғол мекунад
XS
SM
MD
LG