Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таслими раҳбари Ҷундуллоҳро талаб карданист


Раҳбари посдорони инқилоби Эрон гуфт, аз Покистон талаб хоҳад кард, ки раҳбари гурӯҳи суннимазҳаби масъули таркиши маргбори ахирро ба Ҷумҳурии Исломӣ таслим кунад. Мақомоти эронӣ иддао доранд, ки раҳбари Ҷундуллоҳ, гурӯҳи масъули таркиши маргталабонаи рӯзи якшанбе дар Покистон панаҳ мебарад. Дар паи ҳамлае дар вилояти ҷанубу шарқии Сиистону Балуҷистон дирӯз дасти кам 42 нафар ба ҳалокат расиданд. Генерал-майор Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ, раҳбари посдорони инқилоб имрӯз гуфт, ки дар ҳамлаи мазкур хадамоти кашфи покистонию амрикоию бритониёӣ даст дошта “тадбирҳои ҷавобии муҷозоткунандаи онҳо” андешида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG