Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон даъвои пирӯзӣ кардаанд


Дирӯз нируҳои артиши Покистон бо Толибон дар наздикии марз вориди задухӯрд шуданд. Ҳар ду ҷониб идао мекунанд, ки аз ин задухӯрд ғолиб бадар омадаанд. Аъзам Тариқ-сухангӯи Толибон гуфтааст, шӯришиён барои дифоъ аз сарзамини худ Вазиристони Ҷанубӣ то қатраи ахири хун хоҳанд ҷангид. Артиши Покистон мегӯяд, аз замони оғози даргириҳо дар рӯзи шанбе то ҳол 60 шӯриширо ба қатл расондааст ва артиш 6 сарбоз талаф додааст. Аз соли 2004 ба ин сӯ артиши Покистон се дафъа талош кардааст, контрол бар ин минтақаи шӯришиёнро ба даст дарорад, вале ин кор муяссар нашудааст. Аз сӯи дигар, Толибон идао мекунанд, ки ба артиш хисороти сангин ворид кардаанд ва онҳоро ақиб рондаанд. Манобеи мустақил ин даъвоҳоро таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG