Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори хориҷӣ аз зиндони Теҳрон озод шуд


Мазиёр Баҳорӣ, хабарнигори маҷаллаи «Нюсвик»-и Конодо
Мазиёр Баҳорӣ, хабарнигори маҷаллаи «Нюсвик»-и Конодо

Мазиёр Баҳорӣ, хабарнигори маҷаллаи «Нюсвик»-и Конодо, ки пас аз интихоботи моҳи июни раёсатҷумҳурии Эрон дар Теҳрон боздошт шуда буд, озод гардид.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, ин хабарнигори эронитабори конодоӣ пас аз пардохти 300 ҳазор доллари гарав аз сӯи додгоҳи шаҳри Теҳрон озод карда шудааст.

Маҷаллаи «Нюсвик» дар сомонаи интернетии худ иттилои озодшавии хабарнигори худро таъйид карда, навиштааст, ки Мазиёр Баҳорӣ ҳоло дар назди хонаводааш ба сар мебарад.

Мазиёр Баҳорӣ беш аз чор моҳи ахир дар яке аз зиндонҳои шаҳри Теҳрон нигоҳ дошта мешуд ва мақомоти Эрон ӯро ба узвият дар шабакаҳое, ки ба гуфтаи онҳо, қасди барандохтани режими Ҷумҳурии Исломӣ аз роҳи «инқилоби лолаӣ»-ро доштанд, муттаҳам карда буданд.

Давлати Конодо тайи ин муддат борҳо хостори озод кардани шаҳрванди худ шуда буд.

Ҳангоми тазоҳуроти мухолифини натоиҷи интихоботи ахири президентии Эрон ва саркӯб шудани онҳо аз сӯи нерӯҳои низомии ин кишвар 30 нафар кушта ва садҳо нафар, аз ҷумла 41 хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ, боздошт шуданд.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башар бар ин назаранд, ки шумораи кушташудагон ба маротиб бештар буда, аз ҳазорон нафари боздоштшуда наздик ба 200 нафар дар маҳбасҳо боқӣ мондаанд. Ахиран додгоҳи Эрон барои се нафари ин боздоштшудагон ҳукми қатл эълон кард.
XS
SM
MD
LG