Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия аз сӯи нажодпарастҳо 60 кас кушта шудаанд


Аз оғози соли равон дар Русия беш аз 60 нафар бар асари адовати қавмӣ ва аз сӯи аъзои гурӯҳҳои нажодпараст кушта шуданд. Дар ин бора раиси Бюрои ҳуқуқи башари шаҳри Маскав Александр Брод ба хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ дод ва афзуд, ки аз ҳамлаҳои нажодпарастҳои рус дасти кам 260 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Александ Брод мегӯяд, ки афроди ғайриславянӣ ва хориҷиён аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Нижний Новгород ва ҷумҳурии Чеченистон мавриди ҳамла қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG