Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйҳои Карзай дар интихобот - зери 50 %?


Таҳқиқоти марбут ба тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон тибқи гузоришҳо раъйҳои бурдаи президент Ҳомиди Карзайро, ки беш аз 50 дар сад гуфта мешуд, коҳиш медиҳад. Нашрияи The Washington Post аз қавли Комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ навишт, ки эҳтимолан баъди бозбинӣ шудани баргаҳои раъйдиҳӣ Карзай дар интихобот соҳиби 47 % овозҳо шуда ҳамакнун бояд бо вазири хориҷаи собиқ ва рақиби аслии худ Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз даври дуюми овоздиҳӣ гузарад. Комиссиюни шикоятҳо, ки бо пуштибонии СММ фаъолият мекунад, интизор аст рӯзи шанбе натиҷаҳои таҳқиқоти худро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG